Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди нозирони араб дар Сурия афзоиш меёбад


Лигаи кишварҳои араб хостори афзоиши нозиронаш дар Сурия шуд. Изҳорот дар ин бора шоми дирӯз дар поёни нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви дар шаҳри Қоҳира нашр гардид.

Ҳайати нозирони Лигаи кишварҳои араб, ки аз 26 декабр дар Сурия фаъолият мекунад, барои он ҳадафи танқид қарор дорад, ки бо вуҷуди ҳузураш хунрезӣ дар ин кишвар идома меёбад. Мухолифини ҳукумати Сурия талаб кардаанд, ки нозирони кишварҳои арабӣ Сурияро тарк намоянд ва нозирони СММ ҷойгузини онҳо шаванд.

Шайх Ҳамад бини Ёсим ат-Танӣ, нахуствазири Қатар, рӯзи якшанбе изҳор намуд, ки Димишқ шартҳои созиш бо Лигаи кишварҳои арабро иҷро намекунад – ба гуфтаи ӯ, то ҳанӯз артиш аз шаҳрҳое, ки он ҷо задухӯрдҳо бо мухолифини башор Асад идома доранд, берун карда нашудааст.

Шабонарӯзи гузашта бар асари бархӯрдҳои нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин дар Сурия дасти кам 20 нафар, аз ҷумла, 11 сарбози ҳукуматӣ, ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG