Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори раҳбари Филлиппин аз имкони ҳамлаи нав


Бенино Аквино
Бенино Аквино
Раисиҷумҳури Филлиппин Бенино Аквино аз имкони ҳамлаи террористӣ алайҳи маросими солонаи католикӣ, ки рӯзи 9 январ дар пойтахт –Манила доир мешавад, ҳушдор дод. Аквино гуфт, чанд террорист қасди тахриби ин маросимро доранд ва пулис талош кардааст, гумонбаронро боздошт ва нақшаи онҳоро хароб кунад. Аммо ӯ нагуфт, ки оё ин қасди ҳамла низ аз сӯи Абӯсайёф, як гурӯҳи ҷангии марбут ба Ал-Қоида, бармеояд ё хайр. Ин гурӯҳ дар гузашта дар Манила чанд ҳамла анҷом дода буд. Ҳар рӯзи 9 январ аз субҳ то шом бо ҷалби даҳҳо ҳазор пайрави дини масеҳӣ як ҳайкали чӯбии Исои Масеҳро дар кӯчаҳои пойтахти Филлиппин мегардонанд.
XS
SM
MD
LG