Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико стратегияи нави низомии худро эълон мекунад


Қарор аст имрӯз вазорати дифои Амрико стратегияи бозбинишудаи низомии худро эълон кунад. Ин барнома дар давраи Роберт Гейтс-вазири пешини дифои Амрико бо дархости Барак Обама-раиси ҷумҳур таҳия шуда буд. Обама аз мақомоти низомии кишвараш хоста буд, ки ҳудуди 400 миллиард долларро аз будҷаи низомии кишвар барои 12 соли оянда камтар кунанд ва ин кор тарзе бояд анҷом шавад, ки ба манофеи стратегии Амрико хатаре таҳдид накунад. Дар ин барномаи бозбинишуда бояд пешниҳод дар бораи даст кашидан аз ду ҷанг ва пирӯз шудан дар он низ дар назар гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG