Сергей Удалтсов-яке аз мухолифони давлати Русия баъд аз як моҳи зиндон дирӯз раҳо шуд. Удалтсов бештари мӯҳлати зиндони худро дар шифохона сипарӣ кард, зеро вай гуруснанишинӣ эълон карда буд ва ин кор ба вазъи саломатиаш хатар дошт. Удалтсови 34 сола баъд аз интихоботи 4 декабр зиндонӣ шуда буд. Вай як ҷо бо ҳазорон нафар бар зидди тақаллуб дар натиҷаҳои интихоботи порламонӣ ба эътироз баромада буд. Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ин бузургтарин тазоҳуроти эътирозӣ дар Русия буд. Ҳизбҳои мухолифи Русия 4 феврал ҳамин гуна бузургтарин тазоҳуроти эътирозии худро ба нақша гирифтаанд.