Бар тибқи иттилои хабаргузории Азия-Плюс, президенти Тоҷикистон бо як амри худ вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоровро аз вазифа сабукдӯш карда ӯро ба мақоми дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин кард. Ба ҷои ӯ, ба вазифаи вазири дохила Рамазон Раҳимов таъин шуд, ки то имрӯз муовини аввали вазири дохилаи кишвар будааст.