Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азсаргирии мурофиаи додгоҳии Ҳусни Муборак дар Қоҳира


Имрӯз дар Миср мурофиаи додгоҳии президенти барканоршуда Ҳусни Муборак аз сар гирифта шуд. Ҷониби айбдоркунанда қарор аст имрӯз шаҳодати даст доштани Муборак ва дигар наздикони ӯ дар ҳукуматро жао куштори беш аз 800 эътирозгар дар соли гузашта пешкаш кунанд. Дар пайи эътирозҳои мардумии порсол ҳукумати қариб 30-солаи Ҳусни Муборак суқут кард. Дар байни мурофиаҳои додгоҳӣ собиқ президенти Миср дар дармонгоҳи ҳарбӣ муолиҷа мешавад. Ӯро, ки аз дарди қабл азият мешавад, ба дохили толори суд, ки дар Академияи полиси Қоҳира баргузор мешавад, савори аробачаи беморӣ ворид карданд. Дар баробари худи Муборак инчунин ду писари дар гузашта мақомдори ӯ, вазири умури дохила ва афсарони баландпояи полис бо гуноҳи куштори 850 эътирозгар дар моҳи феврали порсол муҳокима мешаванд. Додгоҳи Ҳусни Муборак августи порсол шурӯъ шуд.
XS
SM
MD
LG