Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон хостори тавсеаи равобит бо Тоҷикистон шуд


Доктор Фаҳмида Мирзо-раиси Маҷмаи Миллии Покистон дар мулоқот бо Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Исломобод гуфтааст, ин ду кишвар муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангӣ доранд ва Покистон дар муносиботи худ бо Тоҷикистон аҳамияти зиёд қоил аст. Хонум Фаҳмида Мирзо хостори густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва равобити бештари порламонӣ шудааст. Сафири Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш мехоҳад, барои рафъи камбуди барқ ба Покистон кӯмак кунад. Дар ин бора матбуоти Покистон хабар додааст.
XS
SM
MD
LG