Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Чин бо як гурӯҳи мусулмонон даргир шуд


Дар як ноҳияи мусулмонишини Чин миёни мардуми маҳаллӣ ва маъмурони пулис, ки масҷидеро вайрон кардаанд, муноқиша бархостааст. Задухӯрд дар шаҳри Ҳешӣ дар минтақаи Нинся рӯзи 30 декабр ба вуқӯъ пайвастааст. Чандсад нафар аз қавми мусулмони Ҳю хостаанд, монеъи 1000 корманди пулис шаванд, ки масҷидро вайрон мекарданд. Мақомоти расмӣ пештар ин масҷидро “маҳалли ғайриқонунии динӣ” гуфта ва амр додаанд, ки онро хароб кунанд. Маркази иттилоъотии ҳуқуқи инсон ва демократия дар Ҳонк Конг мегӯяд, дар ин муноқиша 50 нафар захмӣ ва бештар аз 100 тани дигар боздошт шудаанд. Аз марги ду нафар ҳам гузориш шудааст вале мақомоти Чин ин гузоришҳоро рад карданд.
XS
SM
MD
LG