Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор сарбози покистонӣ дар як таркиш


Бино ба гузоришҳо аз Покистон, бар асари таркиши як мошини низомӣ, ки ба бомб бархӯрдааст, дасти кам 4 сарбоз ҷон доданд. Хабаргузории “Ройтерс” мегӯяд, инфиҷор дар минтақаи Дараи Буғтӣ дар вилояти ноороми Балуҷистон ба вуқӯъ пайвастааст, ки бо Эрону Афғонистон ҳаммарз аст. Касе масъулияти бомбгузориро бар ӯҳда нагирифтааст, вале дар ин минтақа ҷудоихоҳони Балуҷ ва гурӯҳҳои тарафдори Толибон фаъоланд. Ва дигар ин ки ба навиштаи хабаргузории Франс Пресс дар як даргирие дар ноҳияи Ланди Кутали ноҳияи Хайбари Покистон 12 Толиб ва як сарбози артиш кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG