Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тӯҳфа"-и солинавии Янукович ба Юлия Тимошенко


Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини ин кишвар аз боздоштгоҳи марказӣ дар шаҳри Киев ба зиндони занонаи шаҳри Харков интиқол дода шуд. Ҳизби Баткившина мегӯяд, ки Тимошенкоро соати 5 субҳ дар аробачаи беморон ба зиндони занона бурданд, зеро вай худаш роҳ рафта наметавонист.
Александр Турчинов-муовини раиси ҳизби Баткившина интиқоли Тимошенко ба зиндони занонаро “тӯҳфа”-и солинавии президент Виктор Янукович арзёбӣ кард.

“Ин коре, ки шуд, тӯҳфаи президент Виктор Януекович ба Тимошенко дар Соли Нав аст. Ин ҷавоби “номаи вай ба диктатор” буд”.

Тимошенко дар аввалҳои соли ҷорӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Вайро барои суистифода аз мақом ҳангоми нахуствазирӣ муттаҳам медонанд.
XS
SM
MD
LG