Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳои Тоҷикистон 1 миллиард доллар қарз додаанд


Бонкҳои Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба мизоҷони худ ба маблағи 4,7 миллиард сомонӣ, ё тақрибан 1 миллиард доллар, қарз додаанд. Дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, ин рақам назар ба як соли пеш 23,5 дарсад бештар аст. Бино ба омори расмии Бонки миллӣ, пасандози мардум ва ширкатҳо дар бонкҳои Тоҷикистон то поёни моҳи ноябр 4 миллиарду 134 миллион сомонӣ, ё ҳудуди 870 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо як соли пеш 28 дарсад зиёдтар мебошад. Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 15 бонк, аз ҷумла 5 бонки хориҷӣ, фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG