Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи маъмурияти нозирони араб дар Ҳумси Сурия


Нозирони Иттиҳодияи Араб ба маъмурияти худ дар шаҳри Ҳумси Сурия, яке аз марказҳои муқовимат ба режими раиси ҷумҳур Башшор Асад, шурӯъ карданд. Ба гузориши телевизиони давлатии Сурия, нозирон имрӯз бо раиси шаҳри Ҳумс мулоқот карданд, ки дирӯз дар инҷо маъмурони амниятӣ 34 нафарро куштанд. Маъмурияти нозирони араб назорати иҷрои барномаи сулҳ аст, ки як бахши он берун кашидани низомиён аз шаҳрҳои Сурия мебошад. Айни замон ба гуфтаи фаъолони сиёсӣ, имрӯз ҳудуди 20 ҳазор нафар дар шаҳри Ҳумс тазоҳурот кардаанд. Тазоҳурот дар маҳаллаи Холидия сурат гирифтааст, ки дар инҷо исёнгарони мусаллаҳ бо нерӯи амниятӣ ҷангидаанд. Сокинони Ҳумс мегӯянд, шаби гузашта артиш ин шаҳрро бо тӯпу танкҳо ҳадаф гирифт вале қабл аз вуруди нозирон тонку зиреҳпӯшҳояшро аз шаҳр хориҷ кард.
XS
SM
MD
LG