Осмон дар аксари манотиқи Тоҷикистон нимаабрист, аммо резише пешбинӣ намешавад. Ҳаво имрӯз дар вилояти Хатлон аз 1 то 6, Суғд аз 5 то 10, навоҳии тобеи марказ аз 4 то 9 ва Бадахшон аз 9 то 14 дараҷа сард мешавад. Дар кӯҳдоман ва водиҳо туман мефурояд, дар даштҳо бо суръати 9-14 метр дар сония шамоли шарқӣ мевазад. Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, чунин вазъи ҳаво ҳафтаи оянда низ идома хоҳад кард.