Пайвандҳои дастрасӣ

Қазияи Аскаров ба додгоҳҳои байнулмилалӣ кашида мешавад


Азимҷон Аскаров
Вакили дифои фаъоли ӯзбактабори ҳуқуқи башар Азимҷон Аскаров изҳор намуд, ки баъд аз қарори ахири Додгоҳи олии Қирғизистон тасмим гирифтааст то ба додгоҳҳои байнулмиллалӣ муроҷиат кунад.

Ғайрат Загибоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки қарори Додгоҳи Олӣ намоишгари ғайримустақил будани додгоҳ дар Қирғизистон аст. Додгоҳи Олии Қирғизистон ахиран ҳукми ҳабси абади Азимҷон Аскароро бетағйир боқӣ гузошт, зеро “ҷурми Аскаров дар додгоҳ тасдиқ шудаааст”.

Ҳамзамон додгоҳ қарор кард, ки ҳукми яке аз ҳамроҳони Аскаров - Мунира Мамадалиева аз 20 сол то 11 сол кам карда шавад.

Аз ин пеш Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз қарори Додгоҳи Олии Қирғизистон изҳори таассуф кард ва эълом дошт, ки ҷараёни бозрасӣ ва мурофиаи Аскаровро қаноатбахш набуд.

Азимҷон Аскаров дар ташкили беназмиҳо, ангезиши адовати қавмӣ, гаравгонгирӣ ва ташвиқ ба куштор дар ҷануби Қирғизистон дар тобистони соли 2010 айбдор шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG