Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Туркия 38 нафарро боздошт кард


Бино ба гузоришҳо, пулиси Туркия дастикам 38 нафарро боздошт кардааст, ки аксари онҳо рӯзноманигоранд. Ин боздоштҳо дар ҷараёни амалиёте бомдоди имрӯз сурат гирифтааст ва иддао мешавад, ки боздоштшудаҳо бо фаъолони Ҳизби Коргари Курдистон ё Пи Кей Кей иртибот доштаанд. Хабаргузории давлатии Анатолия мегӯяд, бештар аз 10 рӯзноманигор аз хабаргузории ҷонибдори курдҳо бо номи Дикл боздошт шудаанд. CNN Turk мегӯяд, дар дафтари чанд хабаргузории дигар низ пулис амалиёти бозҷӯӣ анҷом медиҳад. Моҳи гузашта дар чунин амалиёт тақрибан 100 нафар боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG