Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархаи аввали ниругоҳи Сангтӯда 2 барқ тавлид мекунад


Чархаи аввали ниругоҳи барқи обии Сангтӯда 2 22-декабр ба тавлиди нируи барқ шурӯъ мекунад. 30 декабр хатҳои интиқоли барқ ба ин ниругоҳ васл мешавад ва ниру ба шабакаҳои кишвар интиқол меёбад. Дар ин бора як намояндаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар додааст. Ба гуфтаи ин намоянда, тавлид нашудани нируи барқ дар ин ниругоҳ сабабҳои техникӣ доштааст. Арзиши сохтмони ин ниругоҳ 180 миллион доллар аст ва баъд аз оғози фаъолият 12,5 сол даромад аз нируи тавлидшуда дар ихтиёри Эрон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG