Пулиси Беларусия даҳҳо нафарро дар Минск боздошт кард, ки дар эътирози рӯшан кардани шамъ дар робита бо солгарди саркӯбии тазоҳуроти эътирозӣ ширкат доштанд. Тазоҳуроти эътирозии як соли пеш бар зидди интихоби такрории Александр Лукашенко ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуда буд. Имрӯз полис дар Минск гуфт, 32 нафар барои ширкат дар тазоҳуроти ғайриқонунӣ ва авбошӣ дар догоҳ мурофиа шудаанд. Тақрибан 700 нафар, аз ҷумла 6 номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ, дар ҷараёни раҳпаймоии эътирозии даҳҳо ҳазор нафар боздошт шуда буданд. Рӯзи якшанбе Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Беларусия хостанд, ки зиндониёни сиёсиро раҳо кунад.