Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо нафар, аз ҷумла се зан, барои президентӣ дар Эрон сабти ном кардаанд


Ба гузориши Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, Алӣ Лориҷонӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод, Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф, Саид Ҷалилӣ, Ваҳид Ҳаққониён, Алиризо Зоконӣ ва Абдуносир Ҳимматӣ аз ҷумлаи чеҳраҳои саршинос ҳастанд, ки худро ҳамчун номзади интихоботи президентӣ номнавис карданд.

Баъзе аз шахсоне, ки худро сабтином карданд, аъзои порлумон ва теъдоде ҳам сиёсатмадор ҳастанд.

Ҳамида Зарёбӣ, намояндаи пешини порлумони Эрон дар рӯзи охирини сабтином, худро номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ кард. Вай ҳангоми нишасти хабарӣ ибрози умед кард, ки рӯзе бирасад мардум як занро президент интихоб кунанд.

"Рӯзе шоҳиди ин бошем, ки дар як интихоботи озод ва пуррақобат аз байни занони шоистаи сарзаминам, мардум занеро ба унвони раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб кунанд," -- афзуд ӯ.

Дар Қонуни асосии Эрон омадааст, ки раиси ҷумҳур бояд аз миёни шахсиятҳои мазҳабӣ ва сиёсии мард интихоб шавад. Ин ҳамон чизе аст, ки то кунун монеи номзадии занон дар интихоботи раёсати ҷумҳури шудааст.

Акнун Шӯрои нигаҳбони Эрон салоҳиятҳои ин афродро баррасӣ мекунад ва иҷозат медиҳад, ки кадоме аз онҳо дар интихобот ширкат кунанд.

Пас аз ҳалокати Иброҳим Раисӣ, ҳаштумин раиси ҷумҳури Эрон дар як сонеҳаи ҳавоӣ дар рӯзи 19-уми май, Теҳрон интихоботи президентии пеш аз муҳлат эълон кард.

Ҳоло салоҳиятҳои раёсати ҷумҳуриро Муҳаммад Мухбир, муовини Иброҳими Раисӣ ба дӯш дорад. Бар хилофи интизориҳо, Муҳаммад Мухбир худро ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сабти ном накард.

Бо таваҷҷуҳ ба норозигии мардум аз низом ва буҳронҳои гузашта, пешбинӣ мешавад, ки шумораи каме дар интихобот иштирок кунанд.

XS
SM
MD
LG