Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ ҷасади Ким Чен Ирро нишон дод


Тобути Ким Чен Ир
Тобути Ким Чен Ир
Матбуоти Кореяи Шимолӣ ҷасади Ким Чен Ирро нишон дод, ки дар тобути шишаӣ хобидааст. Аксҳои писари хурдии вай Ким Чен Ун низ нишон дода шуд, ки ба эҳтимоли зиёд раҳбари ояндаи Кореяи Шимолӣ хоҳад буд ва ҷои падарашро хоҳад гирифт. Дар наворҳо одамон бо навбат ба видоъ меомаданд ва эҳтиромоти худро нишон медоданд. Рӯзи душанбе матбуоти давлатии ин кишвар эълон кард, ки Ким Чен Ир аз сактаи қалб дар синни 69 солагӣ даргузаштааст. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар эъломияе гуфт, Амрико умедвор аст, ки Кореяи Шимолӣ баъд аз даргузашти Ким Чен Ир “роҳи сулҳомез”-ро пеш хоҳад гирифт. Вай афзуд, Амрико ҳозир аст ба мардуми Кореяи Шимолӣ кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG