Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати ИМА: Амрико бояд ба Тоҷикистон бартарӣ диҳад


Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки кӯмак ба Тоҷикистонро ҳамчун “заифтарин пайванд дар Осиёи Марказӣ” афзоиш диҳад. Он инчунин хостааст, Вашингтон ба Қирғизистон ҳамчун мизбони маркази ҳаётан муҳими икмоли нерӯҳо дар Афғонистон бартарӣ диҳад. Кумита дар гузориши нави худ мегӯяд, Вашингтон бояд «нуқтаи тавозун дар байни манфиатҳои кӯтоҳмуддат, заруратҳои ҷангӣ ва ниёз ба манфиатҳои дарозмуддаташро дар мусоадат ба Осиёи Марказии босубот, шукуфон ва демократӣ пайдо кунад.» Кумитаи сенат тавсия додааст, ки Амрико ба рушди демократӣ ва мудирият дар минтақа, сиҳати ом, иқтисодиёт ва муборизаи зидди қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ бо истифода аз сармояҳои марбут ба Афғонистон кӯмаки бештар кунад. Гуфта шудааст, бояд кишварҳои Осиёи Марказӣ хуруҷи соли 2014-и Амрико аз Афғонистонро ба маънои тарки онҳо нафаҳманд.
XS
SM
MD
LG