Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия дарро ба рӯи нозирон боз мекунад


Давлати Сурия имрӯз протокол ва ё тафоҳумномаеро имзо кард, ки ба нозирони кишварҳои арабӣ иҷоза медиҳад, вазъ дар ин кишварро назорат кунанд. Ин тафоҳумнома бахше аз барномаи Иттиҳодияи Араб барои хотима додан ба саркӯби тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ дар Сурия аст. Санади мазкурроо Волид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия дар қароргоҳи иттиҳодия дар шаҳри Қоҳира имзо кардааст. Ҳукумати Башшор Асад, агарчӣ бахшҳои дигари барномаи Иттиҳодияи Арабро пазируфта буд, аммо ба вуруди нозирон ба Сурия мухолифат мекард. Иттиҳодияи Араб узвияти Сурия дар ин созмонро боздошт ва алайҳи режими Башшор Асад, таҳрим эъмол кард. Айни замон мудофеъони ҳуқуқ имрӯз гуфтанд, маъмурони амниятии Сурия 6 нафари дигарро дар ҷараёни тазоҳурот куштаанд.
XS
SM
MD
LG