Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти исломгароёни Покистон зидди Амрико


Наздик ба 30 000 тан аз исломгароёни Покистон дар Лоҳур зидди Иёлоти Муттаҳида тазоҳурот барпо карданд. Онҳо хашми худро аз ҳалокати 24 сарбози покистонӣ дар зарбаи ҳавоии НАТО баён доштанд. Тазоҳуротро гурӯҳи “Ҷамоат-уд-Даъво” созмон дод, ки гуфта мешавад, бахше аз созмони манъшудаи ситезаҷӯи “Лашкари Тайиба” аст. Иёлоти Муттаҳида аз ҳалокати сарбозони покистонӣ дар марзи Афғонистон рӯзи 26-уми ноябр изҳори таассуф кардааст. Аммо бисёрии покистониҳо хашмгинанд ва ҳарбиёни Покистон гуфтаанд, ҳамла амдан сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG