Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадорон дар сӯгвории Ҳавел нишастанд


Ватслав Ҳавел
Ватслав Ҳавел
Ватслав Клаус, раисиҷумҳури Чехия, аз даргузашти Ватслав Ҳавел, раҳбари пешини кишвар изҳори андӯҳ кард ва ӯро “рамзи давлати муосири чехҳо” номид.

Гвидо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон аз Ҳавел чун аврупоии бузург ном бурд ва гуфт, ки ӯ роҳро барои иттиҳоди Аврупо боз кардааст.

Раҳбари пешини Лаҳистон Лех Валенса ҳампаймонаш дар мубориза бо низоми коммунистиро “одами бузурге” номид, ки сазовор ба ҷоизаи сулҳи Нобел буд.

Ежи Бузек, раиси Парлумони Аврупо гуфт, ки “Ватслав қаҳрамон буд ва қаҳрамон мемонад”.

Ватслав Ҳавел, раисиҷумҳури нахустини Чехия, дар синни 76-солагӣ дар бӯстонсарояш дар шимоли кишвар аз олам даргузашт. Ӯ солҳои 60-уми қарни гузашта ҳамчун драмнавис ва мунаққиди адабӣ шӯҳрат ёфт. Баъд аз "баҳори Прага" дар соли 1968 Ҳавел бо мухолифин пайваст ва матолибаш бо интиқоди режими коммунистӣ асосан дар хориҷи кишвар нашр мешуданд. Ҳавел барои ин чанд бор ҳабс шуда буд.

Соли 1989 Ватслав Ҳавел яке аз созмондиҳандагони "Форуми шаҳрвандӣ", ниҳоди асосии мухолифини чех ва ҳамон сол ӯ раиси ҷумҳури Чехославакия ва баъдан аввалин президенти Чехия интихоб шуд.

Ҳавел соли 2003 баъд аз хатми даври дуввуми раёсатҷумҳурияш ба кори эҷодӣ баргашт.
XS
SM
MD
LG