Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса Карлоси Шағолро ба ҳабси абад маҳкум кард


Додгоҳи Фаронса, як тундрави маъруф бо номи Карлоси Шағолро ба бомбгузориҳои маргбори солҳои аввали солҳои 80-ум дар он кишвар гунаҳкор донист ва ҳабси абад маҳкум кард. Додгоҳи шаҳри Порис, гуфт, ӯ барои 18 сол дар зиндон мемонад ва дар ин муддат аз ҳаққи авф шудан маҳрум аст. Дар чаҳор бомбгузории солҳои 1982 ва 1983 дар Фаронса 11 нафар кушта ва бештар аз 140 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Номи воқеъии Карлоси Шағол Илих Рамирес аст, ки дар Венесуела ба дунё омадааст ва ҳоло 62-сола аст. Бовар меравад, ки ӯ аз тарафи Иттиҳоди шӯравии собиқ ва баъзе аз кишварҳои Ховари Миёна ҳимоят мешуд. Карлоси Шағол тайи ду даҳа дар Аврупо ҳамлаҳо анҷом додааст. Ӯро соли 1994 дар Судон дастгир карда ва ба Фаронса супурданд.
XS
SM
MD
LG