Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширак шартан ба ду соли маҳбас маҳкум шуд


Додгоҳи Порис раисиҷумҳури пешини Фаронса Жак Ширакро ба ду соли шартии зиндон маҳкум кард. Ӯ дар ғайриқонунӣ азхуд кардани маблағ ва сӯиистифода аз мақоми мири шаҳри Порис айбдор шуд.

Бори аввал дар таърихи навини Фаронса сарвари пешини давлат маҳкум ба зиндон мешавад. Пештар хабар дода мешуд, ки ба сиёсатмадори 79-сола то 10 соли маҳбас ва ҷарима ба маблағи 150 ҳазор евро таҳдид мекунад.

Бар асари маризӣ Жак Ширак ҳангоми қироати ҳукм дар толори додгоҳ ҳузур надошт.

Жак Ширак тайи 18 сол, аз соли 1977 то соли 1995 мири пойтахти Фаронса буд. Ба иттилои тафтишот, ӯ ҳамроҳ бо нӯҳ нафари дигар тақрибан 30 ҷойи кори тақаллубӣ таъсис намуда, маблағи онҳоро барои манфиатҳои маъракаи интихоботии худ истифода кардааст.
XS
SM
MD
LG