Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти ИМА дар Ироқ расман поён ёфт


Имрӯз ИМА расман ба амалиёти низомӣ дар Ироқ хотима гузошт. Дар як маросими вижа ба ин муносибат парчами Амрико аз бинои ҳайати фармондеҳӣ дар Бағдод пойин карда шуд.

Леон Панетта, вазири дифои ИМА, дар ин маросим гуфт, ки "мушкилот мавҷуданд ва аммо Амрико дар ҳалли ин мушкилот ҳамеша ба мардуми Ироқ мусоидат ва дар бунёди давлати нерӯманд ва гулгулшукуфон кӯмак мекунад".

Бештари низомиёни амрикоӣ ба ватан интиқол ёфтанд ва назорати таъмини амният ба нерӯҳои ироқӣ вогузор шудааст.

Баъд аз вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба Ироқ дар соли 2003 дар амалиёти низомӣ дар ин кишвар беш аз яку ним миллион афсарону сарбозони амрикоӣ ширкат доштанд. Чаҳору ним ҳазори онҳо кушта ва сӣ ҳазори дигар захмӣ шуданд. ИМА барои ин ҷанг як триллион доллар сарф кард. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ беш аз сад ҳазор ироқиҳо кушта шуданд.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар як мулоқот бо низомиён дар як пойгоҳи низомии Каролинаи шимолӣ гуфт, ки низомиёни амрикоӣ Ироқи мустақилу боэътидолро тарк мекунанд. Қарор аст, ки дар Ироқ фақат тақрибан 200 мушовири низомии амрикоӣ боқӣ монанд.

Хурӯҷи нерӯҳо аз Ироқ яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии Барак Обама буд.
XS
SM
MD
LG