Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ҳимоят аз таҳрими Сурияро радд кард


Сергей Лавров (Акс аз бойгонӣ)
Вазири хориҷаи Русия даъватҳо аз Маскав барои ҳимоят аз таҳримоти алайҳи Сурияро қатъиян радд карда, гуфт, ултиматумҳо ба хатми ин буҳрон мусоидат намекунад. Сергей Лавров гуфт, Ғарб бо ташдиди фишор ба давлати Башор Асад ва чашмпӯшӣ аз аъмоли хушунатомези ҷангиён дар қиболи Сурия як мавзеъи “ғайриахлоқӣ”-ро пеш гирифтааст. Ӯ афзуд, ки Маскав ба Димишқ ҳарчӣ зудтар пазируфтани нозирони Лигаи Арабро машварат медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки куммиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар Навӣ Пиллай гуфт, шумори кушташудаҳо дар ҷараёни ошӯбҳои Сурия аз 5000 нафар гузаштааст.Хонум Пиллай афзуд, аз моҳи март ба ин сӯ дар Сурия дастикам 300 кӯдак кушта ва ҳазорони дигар зиндонӣ шудаанд. Ӯ аз Шӯрои Амният хост, то қазияи Сурияро ба хотири таҳқиқи мавридҳои эҳтимолии ҷиноёт алайҳи башарият ба Додгоҳи байналмилалӣ супорад. Моҳе пеш Русияву Чин рӯи қатъномаи Шӯрои Амният, ки хунрезиҳои Сурияро маҳкум мекард, вето гузоштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG