Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовирони амниятии НАТО ҳам Ироқро тарк мекунанд


Тамрини нерӯҳои амниятии Ироқ
Тамрини нерӯҳои амниятии Ироқ
НАТО охири ҳамин моҳ намояндагии худ оид ба омодасозии нерӯҳои амниятии Ироқро мебандад. Дар ин бора хабаргузории
Associated Press бо такя ба намояндагони Паймон иттилоъ додаст.

Ба гуфтаи низомиёни НАТО, тамдиди мӯҳлати будубоши намояндагӣ, ки 8 сол боз фаъолият дорад, муяссар нашуд, зеро дар мавриди мақоми ҳуқуқии кормандони намояндагӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Ироқ созиш ҳосил нашудааст. Ҳама низомиёни хориҷӣ то 1 январи соли оянда бояд Ироқро тарк кунанд.

Айни ҳол дар Ироқ 130 мушовири амниятӣ аз 13 кишвари узви НАТО ва Украина фаъолият доранд.
XS
SM
MD
LG