Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон ду мадрасаи динӣ боз мекунанд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба зудӣ дар вилояти Хатлон ду мадрасаи динӣ таъсис хоҳанд дод. Саидҷони Сорбонхӯҷа, раиси Шӯрои уламои вилояти Хатлон гуфт, мувофиқат барои ифтитоҳи Коллеҷи давлатии исломӣ ва бахши вилоятии Донишгоҳи давлатии исломии Тоҷикистон ҳосил шудааст. Ӯ афзуд:" “Барои таълими дин, шӯъбаи Донишгоҳии исломии Тоҷикистонро дар инҷо боз мекунем. Ҷойҳои маишиву мадании замонавӣ таъсис доданӣ ҳастем, китобхонаҳои динии ройгон бунёд карданӣ ҳастем." Дар шаҳри Қӯрғонтеппа то кунун ду мадрасаи муттавасити исломӣ барои занону мардон вуҷуд дорад, ки дар онҳо бештар аз 100 нафар таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG