Раиси ҳуқуқи башари СММ бори дигар аз мақомоти Сурия хостааст, ки вуруди нозирони байналмиллалиро ба кишвараш иҷоза диҳад. СММ ҳушдор додааст, ки вазъи Сурия ба ҷанги дохилӣ шабоҳат пайдо кардааст. Невӣ Пиллай-комиссари ҳуқуқи башари СММ рӯзи ҷумъа вақте, ки бо рӯзноманигорон сухан мегуфт, изҳор дошт, ки аз замони оғози даргириҳо дар моҳи марти соли ҷорӣ то ҳол ҳудуди 1 000 нафар кормандони нируҳои амниятии Сурия дар задухӯрдҳо кушта шудаанд. Ба гуфтаи хонум Пиллай, шумораи афроди кушташуда аз 4000 нафар бештар будааст. Хонум Пиллай мегӯяд, шумораи ононе, ки артиш ё нируҳои интизомиро тарк мекунанд ва ба ҷониби шӯришиён мегузаранд, беш аз пеш афзоиш меёбад.