Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Қудратов: Ҷомеаи Тоҷикистон бояд барои ҳимояи ҳуқуқи худ бедор шавад


Бюрои ҳуқуқи инсони Тоҷикистон имрӯз дар маросиме дар Душанбе Шӯҳрат Қудратовро бо ҷоизаи «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон» сарфазор гардонид. Ин вакили дифо дар мурофиаҳои зиёди судӣ маъмулан аз ҳуқуқи раҳбарони мухолифин, журналистон ва дигар фаъолони ҷамъиятӣ ҳимоя карда ошкоро иштибоҳҳои ҳукуматро дар амри поймолшавии ҳуқуқи инсон баён кардааст. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки дар Тоҷикистон барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон домани кор хеле фарох аст:


- Тоза он вақте расидааст, ки ҷомеаи Тоҷикистон бояд барои ҳимояи ҳуқуқи худ бедор шавад. Дар давоми ин 20 соли охир мардум аз мақомҳои давлатӣ ва ҳукумат дар ҳарос буданд, ки ҳама чизро бо рӯйдодҳои солҳои 1990-ум иртибот медоданд. Аммо он вақтҳо гузашт ва ҳодисае, ки бо халабонҳо гузашт, нишон дод, ки ҳангоми фишор болои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳукумати Тоҷикистон бепарвоии комил нишон дод. Вақти он расидааст, ки агар мо барои ҳимояи ҳуқуқи худ аз поён талошҳоро шурӯъ накунем, ҳукумат барои ин кор кӯшиш намекунад.


Ҷоизаи ҳомии беҳтарини ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз соли 2009 ба ин сӯ ба сиёсатмадорону фаъолони ҷамъиятӣ, журналистон ва дигар муборизони роҳи ҳақ тақдим мешавад.
XS
SM
MD
LG