Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтнер ба хотири баҳси буҳрони евро омадааст


Тимотӣ Гейтнер
Вазири дороии Амрико Тимотӣ Гейтнер аз пешрафти кишварҳои Аврупо дар роҳи таҳияи барномаи наҷоти евро изҳори хушҳолӣ кард. Гейтнер, ки барои музокироти роҳҳои рафъи буҳрони қарзҳои минтақаи евро дар Аврупо қарор дорад, дар пайи боздид аз Олмон вориди Фаронса шудааст. Бо ин ҳол, сарвазири Бритониё Девид Камерон таҳдид карда, ки рӯи паймони ҷадиди ИА, ки қарор аст, ба хотири наҷоти евро аз вартаи буҳрони қарзҳо таҳия шавад, вето хоҳад гузошт.
Фаронсаву Олмон таҳияи паймони наверо баррасӣ доранд, ки интизоми молии қавитар дар минтақаи евроро ба ҳадаф дорад. Аммо чунин паймон танҳо дар сурати ризоияти ҳамаи 27 кишвари узви ИА ба иҷро хоҳад даромад. Роҳҳои ҳалли буҳрони евро рӯзи ҷумъа дар нишасти сарони ИА баҳс хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG