Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштиҳои низомии Русия ба обҳои Ховари Миёна мераванд


Хабаргузориҳои Русия имрӯз аз қавли мақомти расмии вазорати дифои ин кишвар нақли қавл кардаанд, ки як эскадрони киштиҳои Русия ба сӯи обҳои Баҳри Миёназамин ба роҳ баромадааст. Як мақоми расмӣ, ки аз вай ном бурда намешавад, гуфтааст, ки дар ин эскадрон ҳавопаймобари дарёсолор Кузнетсов низ ҳаст. Ин эскадрон дар пойгоҳи Русия дар бандари Тартуси Сурия мустақар хоҳад шуд. Мақомоти расмии Русия гуфтаанд, эъзоми киштиҳо аз муддатҳо қабл барномарезӣ шуда буд ва бо бӯҳрони Сурия иртибот надорад. Маскав аз таҳримҳои байналмиллалӣ бар зидди режими Сурия ҳимоят намекунад.
XS
SM
MD
LG