Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хостҳои Кобул аз анҷумани Бонн


Умар Захилвол (акс аз бойгонӣ)
Умар Захилвол (акс аз бойгонӣ)
Вазири дороии Афғонистон аз ҳомиёни байналмилалӣ даъват кард, то дар анҷумани Бонн, ки рӯзи душанбе оғоз ба кор хоҳад кард, интихоби худро байни истиқрори амният ва ниёзмандиҳои рушди ин кишвари ҷангзада накунанд. Умар Захилвол дар Бонн гуфт, қатъи таъмини молии нирӯҳои амниятӣ хатари бозгашти Толибонро пеш оварда, аз сӯи дигар, коҳиши маблағгузории соҳоти маорифу тандурустӣ бар мизони ҳимоят аз чирикиҳо хоҳад афзуд.
Дар анҷумани Бонн, қарор аст, вузарои хориҷа ва мақомоти аршади ҳудуди 90 кишвар роҳҳои кумак ба Афғонистон ва барномаҳои баъди соли 2014, яъне баъди хуруҷи нирӯҳои эътилофро баҳс кунанд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш вазири хориҷааш Ҳамроҳхон Зарифӣ намояндагӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG