Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С. Девонаев ба дидори К.Ромодановский рафтааст


Сафиаллоҳ Девонаев
Сафиаллоҳ Девонаев
Раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Сафиаллоҳ Девонаев аз рӯзи ҷумъа бо як сафари расмӣ дар Маскав қарор дорад. Интизор меравад, ки ӯ бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия ва ҳам бо ҳамтои русаш Константин Ромодановский мулоқот кунад.
Ин сафар дар пасманзари афзоиши мавориди боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия сурат мегирад, ки дар матбуот як навъ интиқоми Маскав аз ҳукми ду халабони рус талаққӣ шуд. Аммо мақомоти муҳоҷирати Русия баъди афву раҳоии халабонҳо гуфтанд, ки ба таъқиби муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳамчунон идома хоҳанд дод.
Муҳоҷирони тоҷик аз Русия ҳамасола беш аз 2 миллиард доллар пул мефиристанд, ки баробари қисми дахли буҷаи Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG