Ёвари вазири хориҷаи Амрико Роберт Блейк дар нимаи дуввуми рӯзи 3 декабр вориди Душанбе мешавад. Қарор аст, ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад. Оқои Блейк рӯзи 1 декабр дар Бишкек дар расми адои савганди раисиҷумҳури ҷадиди Қирғизистон Алмосбек Ҳотамбоев ширкат дошт. Дидори ӯ аз Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки матбуоти Русия шоеъотеро дар бораи тарҳи таъсиси пойгоҳи Амрико дар Тоҷикистон нашр кардааст. Аммо сафорати Амрико дар Душанбе ин иддаоҳоро радд мекунад.