Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон аз сарпечии Покистон мутаассиф аст


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, аз сарпечии Покистон барои ширкат дар конфаронс оид ба Афғонистон изҳори таассуф кард. Қарор аст, ки ин нишаст ҳафтаи оянда дар Олмон баргузор шавад. Ҳамзамон хонум Клинтон гуфт, ки барои идомаи ҳамкориҳои минбаъда бо Исломобод умедвор аст.

Равобити миёни Исломободу Вошингтон баъд аз зарбаи ҳавоии НАТО ба як постгоҳи нерӯҳои Покистон, ки бар асари он 24 афсару сарбоз ба ҳалокат расиданд, дубора ба сардӣ гароид.

Зимни суханронӣ дар як конфраонс оид ба масоили башарӣ дар Кореяи ҷанубӣ Ҳилларӣ Клинтон изҳор намуд, ки Вошингтон барои тафтиши ин, ба гуфтаи ӯ,”ҳодисаи фоҷиабор” аз ҳама чораҳо кор мегирад. Имрӯз як низомии воломақоми Покистон, зарбаи ҳавоиро “амали барқасдона ва ғайри қобили таҳаммул” номид.
XS
SM
MD
LG