Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешбинӣ шудааст


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар саросари Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст.

Дар Душанбеву Хуҷанд рӯзона 8-12 , шабона 3-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар водии Вахш ва минтақаи Кӯлоб рӯзона 9-14 шабона 4-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ғарби вилояти Бадахшон ҳаво рӯзона 4-8 дараҷа гарм , шабона 3-6 дараҷа хунук, вале дар шарқи вилоят ҳаво сардтар аст. Рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм хоҳад буд. Вале шабона сардии ҳаво то ба 12 дараҷа зери сифр мерасад.
XS
SM
MD
LG