Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Сурия боз 10 мухолифро ба қатл расонданд


Созмони Наззораи ҳуқуқи инсони Сурия, ки дар Бритониё мустақар аст, мегӯяд, нерӯҳои Сурия боз 10 нафар мухолифони давлатро ба қатл расондаанд. Ин дар ҳолест, ки вазирони умури хориҷии Лигаи араб қарор аст, тарҳи таҳримҳои нави зидди Сурияро ба тасвиб расонанд. Ин тарҳ дар рӯзи шанбе аз тарафи вазирони молияи кишварҳои узв омода гардид ва бино бар хабарҳо, чандин риштаи тиҷоратиро ҳадаф гирифта, замоне ба миён омад, ки Димишқ ба нозирони Лигаи араб иҷозаи вуруд ба кишварро надод. Бино бар омори Созмони Милал сар аз шурӯи нооромиҳо дар Сурия дар моҳи марти соли равон зиёда аз 3500 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG