Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия нархи газ ба Беларусро поин мебарад


Владимир Путин-нахуствазири Русия мегӯяд, кишвараш нархи газро барои Беларус кам мекунад ва Беларус нисбат ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барои ҳар 1000 метри муккааб тақрибан ним баробар камтар пардохт хоҳад кард. Путин дар остонаи боздиди Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус аз Русия дар суханони телевизиониаш ин “гузашт”-ро иқдоми ҷиддӣ хонд. Вай гуфт, ин кӯмак тақрибан 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Путин, нархи газ аз 244 доллар барои ҳар 1000 метри муккааб 164 долларро ташкил хоҳад дод. Ин нарх аз аввали соли 2012 эътибор пайдо мекунад. Хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ин иқдоми Русия бар ивази интиқоли гази Русия ба кишварҳои Аврупоист, ки аз лулаҳои қаламрави Беларус мегузарад.
XS
SM
MD
LG