Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса дар тарбияи сагони касбӣ кӯмак мекунад


Бино ба хабари Азия-Плюс, Фаронса омода аст, ба Тоҷикистон барои тарбияи сагҳои посбон ё бӯгир кӯмаки моддӣ ва фаннӣ расонад. Фаронса ба нақша гирифтааст, ки дар афзоиши зоти чунин сагон дар Тоҷикистон, тарбияи сагони касбӣ мадад расонад. Ин сагҳо дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон метавонанд барои ҷустуҷӯ ва мубориза бо қочоғқи маводи мухаддир истифода шаванд. Ин масъала дар Душанбе дар мулоқоти Рустам Назаров-раиси Ожонси назорат бар маводи мухаддир ва ҳайати Фаронса ба раҳбарии Пиэр Пушер-ваколатдори низомии Фаронса дар сафоати ин кишвар дар Қазоқистон ва Тоҷикистон баррасӣ шуд.
XS
SM
MD
LG