Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Путин бартарии камтар ба даст меорад


Чунин ба назар мерасад, ки ҳизби ҳокими Русия ба раҳбарии Владимир Путин-нахуствазири ин кишвар дар интихоботи порламонии 4 декабр бартарии камтареро соҳиб хоҳад шуд. Дар ин бора як маркази бузурги назарпурсии Русия хабар додааст. Ин марказ бо номи Левада-Центр бо такя ба натиҷаҳои назархоҳии ахири худ гуфтааст, ки ҳизби ҳокими “Русия Воҳид” аз 450 курсӣ дар Думаи Давлатӣ мумкин аст 252-253 курсӣ ба даст орад. Ҳоло ин ҳизб дар маҷлиси поёнии порламони Русия 315 намоянда дорад. Левада-Центр пешгӯӣ кардааст, ки Ҳизби Куммунист 94 курсӣ, ҳизби миллатгарои ЛДПР 59 курсӣ ва ҳизби “Справедливая Россия” 44 курсиро ишғол хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG