Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби барномаи 10-солаи рушди CAREC дар Боку


Кишварҳои узви CAREC – Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ- дар Боку стротежии рушди ин паймон то соли 2020-умро тасвиб карданд. Мудири Бонки Осиёии рушд Харухито Курода гуфт, аз ин барнома ҳамаи 10 кишвари узви паймон ҳимоят карданд. Ба хутути иқтисодӣ табдил додани хутути нақлиётӣ, таъмини роҳҳои мӯътамаду амни содироти маҳсулоти энержӣ, ташвиқи тиҷорат, сабук кардани ҳамлу нақли молу коло тавассути марзҳо аз ҷумлаи муҳимтарин нукоти стротежии нави CAREC гуфта мешавад. Ҳазинаи 27 тарҳи ҷадиди ин паймон 50 миллиард доллар баровард шудааст, ки назар ба даҳаи қаблӣ 3 маротиба бештар аст. Ин паймон 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Афғонистону Покистон ва Чину Муғулистонро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG