Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигор ва адиби шинохтаи озарӣ даргузашт


Рафиқ Тақӣ, хабарнигор ва нависандаи шинохтаи озарӣ бар асари захмҳои теғе, ки рӯзи шанбе хӯрд, ҷон додааст. Рафиқ Тақӣ, яке хабарнигорони мунтақиди ҳукумати Озарбойҷон, исломи сиёсӣ ва Эрон буд. Ӯро рӯзи шанбе дар роҳ ба сӯи хонааш дар шаҳри Боку ҳафт теғ заданд. Додгоҳи Боку ин хабарнигорро соли 2007 барои нашри як мақолаи интиқоди нисбат ба ислом ва Паёмбар Муҳаммад ба 3 соли зиндон маҳкум карда буд.
XS
SM
MD
LG