Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зиддиамрикоӣ дар шарқи Афғонистон


Дар Афғонистон ҳудуди 1000 нафар, аксаран донишҷӯён алайҳи пешниҳоди тамдиди ҳузури нерӯҳои Амрико дар ин кишвар тазоҳурот карданд. Тазоҳурот дар шаҳри Нангарҳор, ки дар ҷараёни он аксҳои Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрикоро ба оташ кашида ва шиорҳои зиддиамрикоӣ сар додаанд, як рӯз баъд аз он баргузор шуд, ки Лоя Ҷирга, Шӯрои бузургони Афғонистон аз пешниҳод барои тамдиди ҳузури нерӯҳои амрикоӣ ҳимоят кард. Қарор аст, то соли 2014 аксарияти нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд, ва айни замон ин кишвар бо Амрико дар мавриди кӯмакҳои дарозмуддати амниятӣ ва ҳам Аҳдномаи ҳампаймонии стротежик музокирот анҷом медиҳад. Толибон аз қатъномаи Лоя Ҷирга интиқод карда ва онро як санади амрикоӣ хондаанд.
XS
SM
MD
LG