Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтиёни ИДМ муттаҳид мешаванд?


Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон

Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки дар таъсиси Идораи муфтиёти кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) иштирок хоҳад кард ва ё на.

Дар ин бора Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, хабар дод ва гуфт, ҳоло пешниҳоди таъсиси Идораи муфтиёт дар қаламрави кишварҳои Шӯравии пешинро баррасӣ доранд ва ба зудӣ мавқеи худро рӯшан хоҳанд кард. Агар ба гуфтаи ӯ, бовар ҳосил кунанд, ки ин созмон ба
Ҳар яке аз ин муфтиҳо дар асл тақрибан пешвои динии ҷомеаҳои худ нестанд...
манфиати кор аст.

“Раёсати Маркази исломӣ ин масъаларо баррасӣ дорад. Рӯзҳои наздик ба хулосае хоҳад омад. Агар ба манфиати минтақа, ҷомеа, миллати мо бошад, ҳатман розигии худро медиҳем. Аммо то ба ҳол раёсат ба хулосае наомадааст”,-афзуд ӯ.

Пешниҳоди таъсиси Шӯрои муфтиёти кишварҳои ИДМ дар як ҳамоиш аз сӯи Равил Ғайнутдин, муфтии мусулмонҳои Русия, садо дод. Вай барои ҳамкорӣ ва иттиҳоди бештари мусулмонони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил таъсиси Идораи муфтиётро муҳим донист.

Дар акс: Равил Ғайнутдин, муфтии мусулмонҳои Русия (аз тарафи рост)
Дар акс: Равил Ғайнутдин, муфтии мусулмонҳои Русия (аз тарафи рост)
Сайидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, ин Шӯро дар сурати ташкил ёфтанаш бештар ба масоили фиқҳӣ ва таъйин намудани рӯзҳои иди мусулмонону мубориза бо тундгароӣ хоҳад пардохт: “Фаъолияти ин Шӯро бештар ба муайян намудани рӯзҳои ид ва масоили фиқҳӣ марбут хоҳад буд. Гузашта аз ин, ҳоло дар аксар кишварҳои мусулмоннишин ақидаҳои гуногун пайдо шуда, бисёриҳоро ба ташвиш овардаанд. Мебинем, ки бисёр ноҷуриҳо ҳам аст. Баъзе нерӯҳои ғараздор ба воситаи ақидаву гурӯҳҳои исломӣ дар бархе аз кишварҳо нооромӣ меоваранд. Албатта, барои ҷилавгирӣ аз чунин ақидаҳои тундрав ҳамкории зич миёни кишварҳо зарур аст.”

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки худи Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон аз нуфузи бештаре миёни сокинони кишвар бархӯрдор нест, вокунишҳо низ ба таъсиси Идораи муфтиёти ИДМ дар Тоҷикистон мухталиф будааст. Иддае ба ин боваранд, ки ин Шӯро метавонад ба ҳалли мушкили мусулмонон дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон пардохта, мақомотро барои эҳтиром ба мусулмонон ва риояи озодиҳои мазҳабӣ маҷбур бикунад.

Вале иддае дигар мегӯянд, ин Шӯро, ки бар пояи Шӯроҳои уламои кишварҳои ИДМ асос меёбад, ҳамчунон бе рангу дасткӯтоҳ хоҳад буд. Аббос Ниёзӣ, рӯҳонии тоҷик, мегӯяд, ҳамчунон ба муваффақияти ин Шӯро ба шубҳа менигарад. Вай афзуд, Шӯрои уламои кишварҳои Шӯравии собиқ аксаран аз ҳукумати ин кишварҳо итоат меварзанд ва ба далели ҳимояташон аз сиёсатҳои мақомот нуфузи худро аз даст додаанд. Ба қавли ӯ, беҳтар мебуд ин шӯроҳо танҳо ба масоили динӣ пардохта, худро аз сиёсат канор мегирифтанд, то ҳамчунон нуфузи худро ба унвони як ниҳоди мустақили ҳомии мусулмонҳо ҳифз бикунанд.

Абдуллои Раҳнамо, сиёсатшинос ва таҳлилгари умури мазҳабӣ
Абдуллои Раҳнамо, сиёсатшинос ва таҳлилгари умури мазҳабӣ
Вале Абдуллои Раҳнамо, сиёсатшинос ва таҳлилгари умури динӣ мегӯяд: “Шӯрои муфтиёти ИДМ як андешаи дар кулл хуб аст. Ин метавонад ба он равандҳои умумии ҳамгароӣ дар фазои кишварҳои ИДМ мусоидат кунад. Мусулмонони ҳамаи ин кишварҳо як навъ ба хатари нуфузи мазҳабҳо, равияҳо ва идеологияҳои гуногуни сиёсӣ ва динии ғайрисуннатӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Агар Шӯрои уламои ин кишварҳо тавонанд, ки дар ин самт ҳамоҳанг кор кунанд, ҳамтан натиҷаи хубе дар пешгирии ин хатарҳо хоҳанд дошт.”

Радиои Озодӣ: Бубинед, аксари Шӯрои уламои кишварҳои Шӯравии собиқ “сунъӣ” дониста мешаванд, ки таҳти итоати мақомоти кишварҳои худ қарор доранд. Дар ин сурат, оё пешниҳоди таъсиси Идораи муфтиёти ИДМ аз ҷониби гурӯҳу созмонҳо ва мусулмонони ин кишварҳо ҳимоят хоҳад ёфт?

Абдуллои Раҳнамо: “Аксар муфтиёни кишварҳои ИДМ муфтиёни табиӣ нестанд, муфтиёни сунъӣ ҳастанд. Шӯрои уламо ҳам дар ҳамаи кишварҳои Шӯравии собиқ сунъӣ ҳастанд, ки он қадар миёни мардум нуфуз надоранд. Воқеият чунин мешавад, бале, андешаи таъсиси Шӯрои муфтиёти ИДМ андешаи хуб аст, вале бо иштироки ҳамин муфтиҳо кори он чандон муассир нахоҳад буд. Зеро ҳар яке аз ин муфтиҳо дар асл пешвои динии ҷомеаҳои худ нестанд. Ин яке аз муаммоҳо ва мушкили кори ин Шӯро хоҳад буд.”

Бо ин ҳол, ин барои нахустин бор аст, ки таъсиси Идораи муфтиёти кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил пешниҳод мегардад. Вале ду сол пеш аз ин, Шӯрои машваратии мусулмонон дар қаламрави ИДМ таъсис ёфта буд.

Ҳамчунин, дар соли 2007 марказҳои исломии Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар амри мубориза бо терроризм дар як Шӯрои машваратӣ муттаҳид шуда буданд. Ин шӯрои машваратӣ ҳадафи ягона, яъне рушди дини Ислом, ҳимоят аз китоби Қуръон ва таъмини ақоиди воҳиди мусулмонҳои минтақаи Осиёи Марказиро дошт. Вале бо гузаштаи тақрибан панҷ сол аз таъсиси ин Шӯрои машваратӣ хабаре аз он нест ва маълум нест, ки кори он ба куҷо кашида.
XS
SM
MD
LG