Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои муфтиёти Русия ва ҳалли қазияи муҳоҷирон


Абдуллои Раҳнамо, сиёсатшиноси тоҷик, дар як тамоси телефонӣ аз Маскав гуфт, Шӯрои муфтиёти Русия барои ҳалли қазияи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар талош хоҳад кард.

Оқои Раҳнамо, ки дар як ҳамоиши исломӣ дар Русия иштирок дошт, мегӯяд, аз раҳбарони Шӯрои муфтиёти ин кишвар, ниҳоди ҳомии мусулмонон, хостааст, то нисбат ба сарнавишти муҳоҷирони тоҷик бетараф набошанд.

Аммо дар оғози сӯҳбат ин сиёсатшиноси тоҷик назари доираҳои илмӣ ва рӯҳониёни Русия пиромуни қазияи муҳоҷиронро ин гуна баён кард: “Аксаран афкори умумии солим иқдоми боздошти оммавии муҳоҷирон ва аз марз хориҷ кардани онҳоро дастгирӣ намекунанд. Баръакс, маҳкум менамоянд ва онро иштибоҳи Русия дар муносибат бо яке аз шарикони анъанавияш медонанд. Ба таври мушаххастар гӯем, "нохуб" будани ин амалро доираи илмиву динии Русия хуб дарк кардаанд, дастгирӣ намекунанд. Нуктаи муҳиме, ки ба назар мерасад, муҳоҷирони тоҷик қурбонии набардҳои пешазинтихоботии Русия шудаанд, ки моҳи декабри имсол баргузор хоҳад шуд. Аз ин фурсат, яъне аз қазияи муҳоҷирони тоҷик номзадҳо ва намояндагони аҳзоби сиёсии Русия ба нафъи худ истифода мекунанд. Аммо бори дигар мегӯям, ки шахсиятҳои бонуфузи илмӣ дар сатҳи академикҳо, уламои каломи исломӣ, ки мо бо онҳо сӯҳбат доштем, аксаран аз чунин мавзеъгирии Русия дар хиҷолатанд.”

Абдулло Ҳакими Раҳнамо, сиёсатшиноси тоҷик
Абдулло Ҳакими Раҳнамо, сиёсатшиноси тоҷик

Шӯрои муфтиёти Русия пешниҳоди Шумо дар робита ба ҳимоят аз муҳоҷирони мусулмон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар чӣ гуна пазируфтанд?

“Шӯрои муфтиёти Русия бо он нуфузе, ки дар ҷомеаи ин кишвар дорад, бояд садои худро дар ин масъала баланд кунад. Ин як. Дуввум ин ки масҷидҳои Русия маҳз аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷику узбак ва қирғиз пур аст. Ин муҳоҷирон намозгузорони масоҷиди Русия ҳастанд. Шӯрои муфтиёт ҳатто ба унвони намозгузорони ин масоҷид низ бояд аз ҳаққи муҳоҷирон ҳимоят кунад. Мо ин паёми худро ҳам ба раиси Шӯрои муфтиёти Русия ва ҳам ба дигар шахсиятҳои динӣ расонидем. Дар кулл муносибати онҳо мусбат буд. Дар шакли расмӣ дар эъломияе, ки нашр карданд, таъкид шуд, ки кор бо муҳоҷирон яке аз бахшҳои асосии кори онҳо бояд бошад. Барои ҳамин, намешавад нисбат ба қазияи муҳоҷирони тоҷику узбак ва ғайра бетараф бошанд. Дар ҳоле ки имрӯз сухан дар бораи ҳамдилии мусулмонон меравад. Барои ҳамин, ман ҳам гуфтам, ки ин парадакос ё муаммо мебуд, агар Шумо ба ин қазия назари худ ва мусоидати бародарони худро изҳор намекардед.”
XS
SM
MD
LG