Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай шартҳои идомаи ҳамкорӣ бо ИМА-ро эълон кард


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, изҳор намуд, ки идомаи ҳамкории стратегӣ бо ИМА фақат бо шартҳои мушаххас мумкин аст.

Зимни ифтитоҳи Лоя Ҷирга, ҷаласаи намояндагони нерӯҳои сиёсӣ ва қавму қабоили Афғонистон, Карзай гуфт, ки гап сари кафолати истиқлоли кишвар, қатъи ҳама гуна амалиётҳои шабона ва кофтукоби манзилҳои хусусӣ меравад. Дар ин сурат, ба гуфтаи Карзай, метавон дар бораи ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон баъд аз соли 2014 ҳарф зад.

Дар Лойя Ҷирга, ки қарор аст чаҳор рӯз идома кунад, ҳудуди 2 ҳазор нафар аз раҳбарони қавмӣ, мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҳайатҳои бархе кишварҳо ширкат доранд.

Ҳомид Карзай дар Лойя Ҷирга феҳристи 17 манотиқеро эълон мекунад, ки масъулияти амниятӣ дар онҳо ба зудӣ ба афғонҳо вогузор хоҳад шуд. Қарор аст, раванди интиқоли масъулияти амниятӣ аз НАТО ба нерӯҳои афғон то охири соли 2014 поён ёбад.

Дар Лойя Ҷирга дурнамои музокироти сулҳ бо ҷунбиши “Толибон” ҳам баҳсу баррасӣ хоҳад шуд.

Толибон таҳдид карданд, ки Лойяи Ҷиргаро ҳадафи ҳамла қарор хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG