Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полис нишемани «ишғолгарони Волл Стрит»-ро баҳам зад


Баъд аз ҳамлаи полис ба урдугоҳи норозиён, додгоҳи Ню Йорк бозсозии шаҳраки хаймаҳоро манъ кард.

Полиси Ню Йорк тазоҳуркунандагони ҷунбиши «Ишғоли Волл Стрит»-ро аз зодгоҳи ин ҳаракат -- чаҳорбоғи Зуккоттии Ню Йорк дар Манҳаттен ихроҷ кард. Нерӯҳои интизомӣ ба шаҳраки хаймаҳо, ки аз моҳи сентябр ба ин сӯ бино мешуд, ҳамла бурданд ва дар чанд дақиқа онро зери назорат гирифтанд. Ин рейд ба ҳамлаҳое зидди тазоҳурот дар шаҳрҳои дигари Иёлоти Муттаҳида монанд буд.

Ҳамла ба нишемани норозиён дақоиқе пас аз нимишабӣ бо истифода аз даҳҳо корманди полис ва чархбол, ки ба рӯи тазоҳуркунандагон рӯшанӣ андохта, онҳоро ба тарки боғ даъват мекард, оғоз ёфт. Садҳо нафар аз урдугоҳашон дар чаҳорбоғи Зуккоттӣ, ки манзили зисту хӯроку китобхонию консерт ва ҷойи хоби онҳо буд, берун ронданд. Ҳамчунин наздик ба 200 нафар бозошт шуданд.

Дастури ҳамларо шаҳрдори Ню Йорк, Майкл Блумберг дод ва баъдан дар нишасти хабарӣ аз ин рейди ногаҳонӣ ба нишемани тазоҳургарони «Ишғоли Волл
Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню Йорк дар нишасти хабарӣ
Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню Йорк дар нишасти хабарӣ
Стрит» ҳимоят кард. Вай гуфт, баро он чунин тасмим гирифт, ки тазоҳуркунандагон ба манбаи таҳдид ба саломатӣ ва амнияти сокинони шаҳр табдил ёфтаанд,

Фаъолони тазоҳурот амалкарди мақомотро ғайриқонунӣ номиданд ва ба сурати оҷил ба додгоҳ шикоят бурданд. Онҳо гуфтанд, ба озодии таҷаммӯъ ва сухан ҳақ доранд. Аммо Блумберг гуфт, озодии сухан ба ин маънӣ нест, ки ҷои ҷамъиятӣ бо роҳи сохтани хаймаҳо ва хобгоҳҳо ишғол шуда, дигарон аз истифодаи он маҳрум гарданд. Ибтидо додгоҳ ба тазоҳуркунандагон иҷозаи муваққатӣ дод, ки то баррасӣ ва ҳалли қазия дар нишемани хеш боқӣ бимонанд.

Ҷоннӣ Саган, ки ду моҳро дар хаймае дар чаҳорбоғи Манҳаттен ба сар бурдааст, мегӯяд, амалкарди шаҳрдори Ню Йорк бахше аз барномаи умумии мақомот ба саркӯби тазоҳурот аст. Вай афзуд, чунин рейдҳо қаблан дар Портланд, Орегон, Денвер, Солт Лейк Ситӣ ва Оукленди Калифорния низ ба вуқӯъ пайвастаанд.

Ҷунбиши «Ишғоли Волл Стрит», ки тазоҳуроти ҳамсонро дар шаҳрҳои дигари Иёлоти Муттаҳида ва ҷаҳон ба вуҷуд овард, ҳадаф дорад, таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кунад, ки аз диди тазоҳуркунандагон низоми ноодилонаи иқтисодӣ номида мешавад ва ба фоидаи одамони сарватманд аст. Онҳо иқдоми худро амалкарде дар муқобили нафс ва ҳирс низ меноманд. Мӯътаризон сиёсатмадорони Вашингтонро айбдор мекунанд, ки бо кӯмак ба бонкдорон дар соли 2008 ба онҳо имкон доданд, иқтисодиёти Амрикоро ба коҳиш мевоҷеҳ кунанд. Онҳо мегӯянд, Ҷунбиши «Ишғоли Волл Стрит» илҳоме аз инқилобҳои Баҳори Араб аст, ки Ховари Миёнаро такон дод.

Полис нишемани «ишғолгарони Волл Стрит»-ро баҳам зад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00
Линки мустақим

Бо вуҷуди ҳузури полис садҳо нафар аз тазоҳуркунандагон майдонро тарк накарданд ва интизори раҳбарони худ боқӣ монданд. Дертар, соатҳое баъд, додраси додгоҳи Ню Йорк аз тасмими мақомоти шаҳр ба манъи хаймасозӣ дар чаҳорбоғи Манҳаттен барои тазоҳуроти мавсум ба «Ишғоли Волл Стрит» ҳимоят кард. Бино бар ин ҳукм тазоҳуркунандагон дигар нахоҳанд тавонист, дар ин ҷо хайма гузоранд ва шабро дар чаҳорбоғи Зуккоттӣ саҳар кунанд. Аммо мақомоти Ню Йорк мегӯянд, тазоҳурот ҳаққи идома дар ин боғро дорад ва полис шоми сешанбе дари онро дубора боз кард. Тазоҳуркунандагон дигарбора ба чаҳорбоғи Зуккоттӣ баргаштанд, вале бидуни хайма ва рахтихобҳо.
XS
SM
MD
LG