Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Босния гумонбари дигари ҳамларо боздошт кардааст


Мевлид Ясаревич баъд аз кушодани оташ ба сӯи сафоратхона
Мевлид Ясаревич баъд аз кушодани оташ ба сӯи сафоратхона
Додгоҳи давлатии Босния мегӯяд, шахсеро як моҳ дар боздошт нигоҳ доштааст. Ин мард барои кӯмак ба нафаре, ки ба сӯи сафоратхонаи Амрико дар Сараево тир кушод, муттаҳам дониста мешавад. Додгоҳ гуфт, Эмроҳ Фойникаи 20 сола барои “амали террористӣ”-и 28 октябр гумонбар дониста мешуд. Он вақт Мевлид Ясаревичи 23 сола сокини мусулмони Сербистони ҳамсоя ба сӯи сафоратхона оташ кушода буд ва як афсари полис ҷароҳат бардошт.
XS
SM
MD
LG